ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ин бора Расул Боқиев дар саҳифаи Facebook-и худ хабар додааст.
Федеросюни ҷудои Маскав барои тарбияи дорандаи медали биринҷии Қаҳрамонии Русия оид ба ҷудо дар соли 2017 ба паҳлавони тоҷик Расул Боқиев сипоснома тақдим кард.
Пештар Расул Боқиев дар қаҳрамонии Маскав аз ҷониби Федеросюни ҷудои Маскав бо дипломи беҳтарин мураббӣ дар риштаи ҷудо дар вазни +100 қадрдонӣ шуд.
Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар Рио-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо гардида, барандаи Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 аст. Вай соли 2009 қаҳрамони ҷудои Русия шуд.
Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.