Чин: Кобул ба зудӣ барномаи музокироти сулҳ бо Толибонро пешниҳод мекунад

© REUTERS \ Jason LeeПервый трехсторонний диалог глав МИД Китая, Пакистана и Афганистана прошел в Пекине
Первый трехсторонний диалог глав МИД Китая, Пакистана и Афганистана прошел в Пекине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин нишасти вазирони умури хориҷии Чин, Покистон ва Афғонистон имрӯз дар Пекин баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар назар дорад дар наздиктарин рӯзҳо барномаи музокироти сулҳ бо ҷунбиши тундраву бунёдгарои "Толибон"-ро пешниҳод кунад, гуфт вазири умури хориҷии Чин Ван И.

"Давлати Афғонистон хабар дод, ки дар наздиктарин рӯзҳо барномаи ҷолибу амалии музокрироти сулҳ бо ҷунбиши бунёдгарои "Толибон"-ро пешниҳод хоҳад кард", — гуфт раҳбари ВУХ Чин пас аз музокира бо ҳамтоёни афғонистонӣ ва покикистонияш дар Пекин.

Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту от 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: Тоҷикистон аз пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард" нигарон аст

Вай дар нишасти расонаӣ пас аз ин музокирот афзуд, ки Чин ва Покистон аз ин иқдоми Афғонистон истиқбол мекунанд ва омода ҳастанд дар баргузории музокироти сулҳ бо "Толибон" ёрӣ кунанд.

Нахустин нишасти вазирони умури хориҷии Чин, Покистон ва Афғонистон имрӯз дар Пекин баргузор шуд. Тасмим барои баргузории чунин нишасти сеҷониба имсол тобистон гирифта шуда буд.

Вазъ дар Афғонистон мояи нигаронии Русия ва Тоҷикистон низ ҳаст. Чунончи, чанде пеш раисҷумҳур Раҳмон дар паёмаш ба Маҷлиси Олии ҶТ аз ҷамъ омадани ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигаронӣ кард.

Раисҷумҳури Русия низ аз бадтар шудани вазъ дар Афғонистон дар паи коҳиши теъдоди нерӯҳои низомии Амрико аз он кишвар нигаронӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0