ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Субҳи имрӯз арбоби давлативу сиёсии шуравӣ Холмурод Шарифов даргузашт. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд.
Холмурод Шарифов дар шаҳри Душанбе, дар 91-солагӣ вафот кардааст. Гуфта мешавад, маросими видоъ бо марҳум пагоҳ дар масҷиди маҳаллаи Каленини шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Холмурод Шарифов 12-уми феврали соли 1927 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шуравӣ дар Тоҷикистон чанде аз мақомҳои баландпояро роҳбарӣ карда, амалҳои назаррасеро анҷом дода буд. Азҷумла, Шарифов ба ҳайси Вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи табъу нашри кишвар фаъолият карда, нашрияи "Адиб" ва Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро таъсис додааст. Ҳамчунин китобҳои зиёди бадеъиву илмӣ ба қалами устод Холмурод Шарифов тааллуқ доранд.