ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ озими шаҳри Маскав шудааст.
Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмиллалӣ Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад.
Интизор меравад, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия як рӯз давом мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав мераваду шом ба Душанбе боз мегардад.