Фақат як дархост ва ӯ бархост: дастури Озода Раҳмон барои як кори хайр

© Пресс служба президента РТОзода Рахмон на заседании, архивное фото
Озода Рахмон на заседании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои баргузор кардани консерти хайрия ройгон ҷудо карда шавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки барои баргузор кардани консерти хайрия ба хотири кумак ба овозхон Дилноз Каримова Филармонияи давлатии Тоҷикистон толорашро ройгон дар ихтиёраш бигзорад.

Дар ин бора яке аз созмодиҳандагони консерт — Шоира Раҳимҷон хабар медиҳад.

"Чи гуна аз муҳаббатҳом нисбати ин олиҳа нагӯям, ки бо як ишорае барои наҷоти кӯдаке ба дифои тасмими гурӯҳи эҷодие бархост?! Дили пур аз раҳми ӯро мешиносам. Мадюни меҳрубониҳошам. Фақат як дархост ва Ӯ бархост. Сипос Озодаи озодандеши мо! Худованд савоби ин ҳама амалро ба Шумо арзонӣ бидорад", — навиштааст Шоирабону дар саҳфаи фейсбукиаш.

Вай пештар хабар дода буд, ки ба хотири пуштибонӣ аз Дилноз Каримова барои дармони фарзанди хурдсолаш Диёрбек Аминҷонов маркази продюссерии "Шоира" тасмим гирифтааст, ки консерти хайрия баргузор кунад.

Шоира Раҳмиҷон аз ҳама ҳунармандоне, ки мехоҳанд дар ин барнома ширкат кунанд, даъват карда буд бо вай тамос бигиранд. Ин консерт рӯзи 6-уми январ соати 15:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин Ғолибҷон Юсупов, яке аз овозхонҳои тоҷик хабар дод, ки ба хотири кумак ба Дилноз Каримова дар Хуҷанд як консерти хайрия баргузор мекунад ва кулли маблағи бадастовардаашро ба суратҳисоби Диёрбек Аминҷонов мегузаронад.

Продюсери Юсупов ҳам хабар дод, ки маъмурияти Кохи Рӯдакӣ толори консертиро ройгон ба созмондиҳандагони консерт пешниҳод мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0