ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Созмони обуҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 26 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.