70 млрд сомонӣ - ҳазинаи иҷрои барномаи миёнмуддати тавсеа

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство финансов РТ. Архивное фото
Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон барои иҷрои барномаи миёнмуддати тавсеа камобеш 70 миллиард сомонӣ ҳазина хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад барои амалисозии барномаи миёнмуддати тавсеа камобеш 70 милёрд сомонӣ ё 7,9 милёрд дулор ҳазина кунад.

Ин маблағ дар солҳои 2018 то 2020 аз будҷаи давлати Тоҷикистон барои иҷрои барномаи миёнмуддати тавсеа дар солҳои 2016 — 2020 ҷудо карда хоҳад шуд, гузориш додааст хабаргузории "Форс" ба нақл аз "Авесто".

Бино ба гузоришҳои ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон, давлат то кунун дар ростои иҷрои "Роҳбурди миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" аз будҷаи давлатӣ беш аз 36 милёрд сомонӣ ҳазина карда ва дар назар дорад дар солҳои 2018 — 2020 низ 70 милёрд сомонӣ ба ин манзур ҷудо кунад.

Яке аз ҳадафҳои аслии "Роҳбурди миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030" тағйир додани модели рушди Тоҷикистон аз кишоварзӣ-санъатӣ ба модели рушди санъатӣ-кишоварзӣ аст ва афзоиши саҳми санъат дар сохтори тавлиди нохолиси дохилӣ дар муқоиса бо саҳми кишоварзӣ аз авлавиятҳои он аст.

Дар ҳоли ҳозир саҳми кишоварзӣ дар тавлиди нохолиси дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон солона 20 то 25 дарсад аст, аммо саҳми санъат дар ин кишвар аз 12 дарсад бештар нест.

Лентаи хабарҳо
0