Шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар Русия ба садама афтоданд

© Sputnik / Стас ЭтвешДорожные сигнальные конусы, архивное фото
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худрав дар шоҳроҳи Советскии ноҳияи Саратов ба садама дучор шуд. Дар паи ин садама як кас ҳалоку чаҳор тани дигар захм бардошт

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар садамаи нақлиётӣ захмӣ шуданд.

Дар ин бора равобити умумии БДА Русия хабар медиҳад.

"Худрав дар шоҳроҳи Советскии ноҳияи Саратов ба садама дучор шуд. Дар паи ин садама як кас ҳалоку чаҳор тани дигар захм бардошт", — навиштааст РИА Новости.

Садама шоми рӯзи якшанбе дар масофаи 61-километрӣ дар марзи Русия бо Қазоқистон дар Сизран ба вуқӯъ пайвастааст.

Ронандаи 28-солаи худрави тамғаи Lada Largus аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада онро чаппа кардааст.

Қайд мешавад, ки дар паи ин садама мусофирзани 38 сола аз бардошти захм ҳалок шуду, мусофирони дигар зани 30-сола, се марди аз 25 то 33 сола дар бемористон бистарӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0