ВУХ: дипломатҳои тоҷик барои рушди ҳамкорӣ чора меандешанд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон навиштааст, ки паёми Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ карда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои иқомат тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид

ДУШАНБЕ, 25 дек— Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии ин ниҳод хабар дода мешавад.

Рӯзи 22 декабри соли 2017 кормандони Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя тамошо карданд.

Дар Паёми навбатӣ сарвари давлат вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои соли 2018 муайян намуд.

"Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ карда, бар асоси раҳнамудҳои он барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд бо кишварҳои иқомат тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид", — омадааст дар хабарнома.

Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту от 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: Тоҷикистон аз пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард" нигарон аст

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳур зимни ироаи паёми худ аз сифати маҳсулот изҳори нигаронӣ карду аз заҳролудшавии як хонавода ёдовар шуд.

"Аз роҳ як хонавода ҳасиб хариданд. Барои наҳории фарзандонашон. Аммо бо истеъмоли он як хонавода заҳролуд шуд ва як кӯдак ба ҳалокат расид. Кӣ ҷавобашро медиҳад?",-гуфта буд раисҷумҳур.

Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон гуфт, имрӯз масъулин дар телевизор намоишкорона нишон медиҳанд, ки маҳсулоти бесифат ё ғайриқонунӣ воридшударо дарёфт кардаанд. "То имрӯз куҷо буданд?".

Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, ки худи масъулин иҷоза доданд, ки ин гуна маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0