Поёни Соли ҷавонон: намоиши аксҳо дар Қурғонтеппа

© Sputnik / Амир ИсаевВыставка картин преподавателей худколледжа имени Олимова
Выставка картин преподавателей худколледжа имени Олимова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар намоиш зиёда аз 100 акс ба маърази тамошо гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рӯзи 18 декабр дар Осорхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон  ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баргузор гардид.

Дар намоиш зиёда аз 100 акс ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ намояндаи Ҷамъияти дӯстию равобити фарҳангии хориҷӣ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти эҷодии аккос Шӯҳрат Ёров изҳори назар кард.

"Ин намоиш дар кишварҳои бисёр, аз ҷумла дар Покистон, Кувайт, Салтанати Уммон, Исроил, Олмон, Беларус, Русия ва ғайра сурат гирифтааст ва ба воситаи он тамошобинон бо табиати зебову нотакрор, урфу одат, фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон шинос шудаанд", — гуфтааст Латофат Шарипова.

Сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳон Раҷаб гуфтааст, ки "санъати суратгирӣ дар замони муосир рушд ёфта истодааст ва он ҳаёти гузашта ва имрӯзаи моро инъикос ва муаррифӣ мекунад. Ман умед дорам, ки пайравони санъати аксбардорӣ дар кишвари мо зиёд мешаванд".

Лентаи хабарҳо
0