Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Родриго Роа Дутерте

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори Филиппин Родриго Роа Дутерте барқияи тасаллият ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эммаолӣ раҳмон бо Родриго Роа Дутерте изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар номаи таслияти раисҷумҳур омадаст:

"Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари офатҳои табиӣ ва техногении ахир дар кишвари Филиппин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Филиппин ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам".

Пештар хабар дода шуд, ки ҳафтаи гузашта Филиппинро тайфуни Тембин фаро гирифт. Дар паи ин офати табиъӣ беш аз 230 кас ҳалок шуд.

Лентаи хабарҳо
0