ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Бино бар охирин додаҳо, дар ин пешомад 4 кас кушта ва 15 кас захмӣ шудааст.
Ин ҳодиса дар зергузаре дар хиёбони Кутузовский рух дода, ки даромадгоҳи истгоҳи метрои "Славянский булвар" аст.
Бино бар баррасиҳои муқаддамотӣ, ронандаи ин автобус барои пешгирӣ аз бархӯрд бо худрави дигаре онро ба канори хиёбони кашида ва фармонашро аз даст додааст. Ҳамчунин фарз мекунанд, ки тормозаш шикаста буда ва ронанда натавониста онро боз истонад.
Барои имдодрасонӣ ба захмиён се чархболи пизишкӣ ба маҳалли ҳодиса расидаанд.
Пулис ин қазияро бозҷӯӣ дорад.