ДУШАНБЕ, 25 дек— Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дуздии ду донишҷӯй духтар хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, ҳодиса рӯзи 23-юми декабр ба вуҷӯъ омадаст.
Манбаъ менависад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зани 28-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.
Ба гуфти ин зан рӯзи 23-юми декабр тахминан соати 10:00 шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро дуздидаанд.
Арзиши умумии ҷавоҳирот 18800-сомониро ташкил додааст.
Бо баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини деҳаи Хитойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, донишҷӯи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва ҷавондухтари 19-солаи ноҳияи мазкур, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.
Манбаъ меафзод, ки далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, татфишот идома дорад.