ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо фурӯ омадани меғ (туман) пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ фаромадани меғ (туман) пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.