ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва дараи Варзоб хабар дод, ки дар натиҷаи он чанде ба ҳалокат расидаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, 22-юми декабри соли 2017, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашминаи тамғаи "Опел-Астра", Шарифов Абдуғафур Абдулатифович, соли таваллудаш 1948, нафақахӯр, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ҳасанов Ҳаким Сангинович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Ҳасанов Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 22-юми декабри соли 2017, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Донфин", Маҷидов Фарух Искандарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Шакман", таҳти идораи Холзода Баракатулло Назар, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири тамғаи "Донфин" Ғафуров Баҳодур Ҷабборович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дафтари матбуотии ВУД қайл мекунад, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор доранд.