Мамнуияти баргузории маросими соли нав дар маъруфтарин майдони Туркия

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешНовый год 2018, архивное фото
Новый год 2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иллати масоили амниятӣ, баргузории таҷаммуот ва ҷашнҳои марбут ба шаби соли нави масеҳӣ дар майдони “Тақсим”-и Истанбул мамнуъ эълом шуд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Истанбул, раиси полиси минтақаи Бейуғлу дар Истанбул гуфт, барои ин ки мардум соли навро дар оромиш бигузаронанд, маросими соли нав дар майдони "Тақсим" баргузор нахоҳад шуд.

Ин масъули амниятӣ афзуд, таҷаммуот дар маъруфтарин майдони Истанбул, ки ба вижа мавриди таваҷҷуҳи гардишгарон аст, муҷоз нест.

Ин тадобир ба иллати он сурат мегирад, ки дар шаби соли нави соли 2017 террористҳои гурӯҳи такфирии ДИИШ бо ҳамла ба як бошгоҳи шабона дар Истанбул, 39 кушта, ки бештари онҳо гардишгарони хориҷӣ буданд, барҷой гузоштанд.

Лентаи хабарҳо
0