ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маркази исломии Шурои уламои Тоҷикистон аз мулоқоти панҷсоати раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, ба наздикӣ дар маркази савдои "Садовый"-и шаҳри Санкт Петербург мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо беш аз 500 муҳоҷири тоҷик, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот, ки ҳудуди 5 соат идома дошт, Саидмукаррам Абдуқодирзода доир ба муҳимтарин масоили муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.
Раиси Шӯрои уламо дар баробари ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар инчунин доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, аз қабили бархе аз зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои ба ном "исломӣ" ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуд.
Иттиҳоду иттифоқи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Санкт Петербург дар рафти ин мулоқот баръало эҳсос мегардид.
Ёдрас мешавем, рӯзи 14-уми декабр раиси Шурои уламои Тоҷикистон бо мақсади мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик ба Русия сафар карда буд.