Дар Хуҷанд 6 тан ба ҷурми пайравӣ ба ҷунбиши "Салафия" маҳкум шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПодозреваемые в наручниках, архивное фото
Подозреваемые в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Хуҷанд 6 танро ба ҷурми пайравӣ ба ҷунбиши Салафия маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.Бино бар иттилои додгоҳи Хуҷанд, ҳар яке аз Муҳиддин Мирзоев, Хайрулло Исмоилов, Ҳасан Ҷабборовҳо ба ҷурми созмондиҳии фаъолияти ифротгароӣ ба мӯҳлати 5 сол равонаи зиндон шуданд.

Се тани дигар- Наимҷон Тошматов, Шероз Ҷӯраев ва Аӣдушукур Холиқов барои пинҳон кардани иттилоъ дар бораи тахаллуф ним сол умри худро дар зиндон паси сар хоҳанд кард.

Ягон нафари маҳкумон дониши динӣ надоштанд. Онҳо аз тариқи шабакаи интернет ба ҷараёни Салафия пайвастаанд.

Ҳукми додгоҳ ҳануз ба иҷро наомадааст ва маҳкумон метавонанд ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд.

Ба гуфтаи як манбаъ, Мирзоев дигаронро ба ин ҷараён таблиғ кардааст. Ӯ се фарзанд дорад ва пешаи вай тармими худравҳо будааст.

Манбаъ гуфтааст, Мирзоев тавассути бародари худ, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунад, бо Салафия ошно шуд ва аз соли дигар ба табюлиғи он сар кард. Ӯ дар ҳар ҷоқе ки метавонистааст, ин ҷараёнро таблиғ мекардааст.

Се тани дигар ба Салафия нагаравида буданд, аммо ҳарчанд медонистаанд, ки онҳо Мирзоев ва шариконаш намози худро ба таври дигар мехонанд, ба полис хабар надодаанд.

Додгоҳи олии Тоҷиикстон ҷунбиши Салафияро дар кишвар мамнуъ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0