Дар фарҳангистони улуми Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис меёбад

© Sputnik / Николай Волков / Гузариш ба медиабонкЛедник Федченко на Памире. Архивное фото
Ледник Федченко на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабри зимни ироаи паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии изҳор дошт, ки бояд ҷавонон бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар шаванд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.  Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фарҳангистони улуми кишвар дастур дод, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шавад.

Таъкид гардид, ки махсусан вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад.

Ба таъкиди сарвари давлат, муассисаҳои илмии фарҳангистонро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.

"Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодаанд, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд",- ёдрас шуд кишвардор.

Раисҷумҳури Тоҷикистон 22-уми декабри соли равон дар назди вакилони маҷлиси кишвар паёми солонаи худро ироа карда, аз дастовард ва камбудиҳои Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳамчунин Эмомлӣ Раҳмон зимни баромадаш соли 2017-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0