Шерматов: корофаринон мушкилоти муҳоҷиронро хуб медонанд

© Sputnik / Антон КурилкинБотиржон Шерматов
Ботиржон Шерматов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ботирҷон Шерматов ҳуқуқшинос ва бунёдгузори торномаи migrant.mobi дар бораи мушкилоти муҳоҷирон нақл кард

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ба гуфти ҳуқуқшинос бештар дар бораи боздошти ғайриқонунии муҳоҷирон ба ӯ шикоят мекунанд.

 "Аксаран мардумонеро, ки намуди зоҳириашон славянӣ нест дар роҳҳо ғайриқонунӣ боз медоранд ва ҳуҷҷатҳояшонро месанҷанд, дар ҳоле, ки дар қонун дар бораи пулис чунин амал роиҷ нест", — гуфт Шерматов дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Шерматов: больше всего мигранты жалуются на незаконные задержания

Коршинос қайд мекунад, ки мушкилоти бузургтарини муҳоҷирон ин-дар қайди муҳоҷиратӣ сабти ном кардан аст.

"Ҷараёни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо мушкилоти зиёд аст. Аксари корфармоён намехоҳанд муҳоҷиронро расман ба кор қабул кунанд. Дар ҳамин ҳол муҳоҷирон аз ҷониби корофаринон фиреб мехӯранд, музди кори онҳоро намедиҳанд, чун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кор нест", — шарҳ дод ҳуқуқшинос.

Ба гуфти коршинос мушкилоти муҳоҷиронро бояд дар сатҳи ҳукуматӣ бо корфармоён баррасӣ кард, чунки онҳо ҳар рӯз бо муҳоҷирон ҳастанду аз мушкилоташон хуб огоҳанд.

Лентаи хабарҳо
0