Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав 20-солагии фаъолияти худро таҷлил кард. Дар ин рӯз ба табрики раҳбари марказ Хуршеда Ҳамроқулова намояндагони сиёсат, фарҳанг ва дӯстонаш омада буданд.
Толори Хонаи миллатҳои Маскав, ки чорабинӣ он ҷо баргузор шуд, аз мардум пур буд. Дар чорабинии фарҳангие, ки ба муносибати 20-соли фаъолияти Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав сурат гирифт, намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорус ширкат карданд.
Дар ин маросим ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ ширкат кард. Пас аз қисми расмӣ барномаи фарҳангие бо ширкати овозхонону раққосон пешкаши ҳозирин шудааст.

Ба табрики Маркази фарҳангии тоҷикон сиёсатмадорон ва аҳли фарҳанг омада буданд. Яке аз онҳо раиси Шӯрои Ассамблеяи халқи Русия Светлана Смирнова буд.

Дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ ширкат дошт. Ӯ дар суханрониаш қайд кард, ки дар тӯли солҳои дароз Хуршеда Ҳамроқулова тавонист фарҳанги тоҷиконро дар Маскав нигоҳ дораду мардумро бо торихи ғании тоҷикон ошно намояд.

Толори Хонаи миллатҳои Маскав, ки чорабинӣ он ҷо баргузор шуд, аз мардум пур буд.

Хуршеда Ҳамроқулова ба дӯстони Маркази фарҳанги тоҷикон сипосномаҳо тақдим кард.

Дар чорабинии фарҳангие, ки ба муносибати 20-соли фаъолияти Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав сурат гирифт, намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Афғонистон, Арманистон ва Белорус ширкат карданд.

Пас аз маросими расмӣ ба тамошобинон барномаи фарҳангие пешкаш шуд.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур аз эҷодиёташ оҳанги марғуберо навохт.

Раққосони ансамбли "Гулчин" рақси миллиро ба ҳозирин пешкаш карданд.

Дар ин рӯз дар саҳна шеърҳои шоирони машҳури тоҷику рус қироат шуд. Шоир
Михаил Синелников ҳам чанд шеърро барои ҳозирин қироат кард.
Михаил Синелников ҳам чанд шеърро барои ҳозирин қироат кард.

Овозхони ҷавон дар ин барнома сурудеро дар бораи шаҳри Душанбе сароиду мардумро бештар муштоқи Тоҷикистон кард.