ДУШАНБЕ, 21 дек— Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар дода шудааст.
"Гуфтугӯи мустақими раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода бо сокинон рӯзи 30 декабри соли 2017, соати 18-00 тавассути барномаи "Робита"-и радиои Исфара сурат мегирад", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки сокинон имкон доранд суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро мустақиман ба раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода бирасонанд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сокинон ва омӯзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда сурат мепазирад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд мулоқоти раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода бо донишҷӯён баргузор шудааст.
Дар ин мулоқот Дилшод Расулзода гуфтааст, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ҷавонон бояд дарк намоянд, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд.
"Барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шинохти Ватану ватандорӣ мебошад", — гуфтааст шаҳрдор.
Дар ҷараёни мулоқот ба 45 нафар донишҷӯёни аълохон, ятим ва аз оилаҳои камбизоат кумакҳои пулӣ ва ба 45 донишҷӯи дар хобгоҳ иқоматдошта маводи хӯрока тақдим шудааст.