ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik.Бонки миллии Тоҷикистон хабар м6едиҳад, ки то охири соли равон мушкили қабули маблағҳо дар терминалҳо ҳал мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, моҳҳои сентябри соли равон пулҳои коғазии 10, 20, 50 ва 100-сомонӣ намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда шуданд.
Тавре Бонки миллии Тоҷикистон қайд мекунад, ин пулҳоро бархе аз терминалҳо бо далели мушкилии техникӣ қабул намекарданд.
Манбаъ меафзояд, носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда шуда, қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 пурра таъмин карда мешаванд.
"Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудааст, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин намуда истодаанд", — омадааст дар хабар.
Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки масъалаи зикргардида аз ҷониби сохтори дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.