Дугоникӣ инҳамонӣ нест: тоҷике бо гузарномаи бародараш Русия рафтааст

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои марзбонии Русия дар вилояти Саратов як шаҳрванди Тоҷикистонро барои гузори қонуншиканона аз марз 10 ҳазор рубл ҷарима карданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Марзбонҳои Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар марз бо Қазоқистон боздошт кардаанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия санади расмии шиносоӣ надоштааст. Аз ин рӯ, вай дар гузаргоҳи марзӣ гузарнома ё шиносномаи хориҷии бародари дугоникашро нишон додааст.

Ҳарчанд, ки дар ин санад номи хонаводагии онҳо як буда, вале марзбонон фиреби ӯро ошкор кардаанд. Ӯ боздошт ва 10 ҳазор рубл ҷарима шудааст.

Чанде пеш Додгоҳи вилояти Вологда ҳашт муҳоҷир, аз ҷумла чанд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карда буд, ки дар қаламрави Русия ғайри қонунӣ будубош доштанд.

Додгоҳ далоиле пайдо накарда, ки қонуншикании ин муҳоҷиронро тавҷеҳ диҳад ва монеъ аз ихроҷ карданашон шавад. Аз ин рӯ, онҳоро муттаҳам ба будубоши қонуншиканона дар қаламрави Русия карда ва ҳукм ба ихроҷашон додааст.

Ин муҳоҷирон иҷозаи кору иқомат дар Русияро доштаанд, аммо бо гузашти муддати муқаррар онро тамдид накардаанд ва ба кишварашон ҳам бар нагаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0