Тоҷикистон ва ҷаҳон: роҳандозии равобити сиёсӣ бо Гамбия

© Фото : Пресс-служба МИД РТПостоянные представители Республики Таджикистан и Республики Гамбии при ООН Махмадамин Махмадаминов и Мамадоу Тангара
Постоянные представители Республики Таджикистан и Республики Гамбии при ООН Махмадамин Махмадаминов и Мамадоу Тангара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гамбия бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштараки роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гамбия баргузор гардид.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Гамбия дар СММ Мамадоу Тангара имзо карданд.

Маросими роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Гамбия 18 декабр баргузор шудааст.

Гамбия чаҳорумин кишваре шуд, ки Тоҷикистон дар моҳи декабр бо он равобити сиёсӣ барқарор кардааст.

Пеш аз ин Тоҷикистон бо Баҳама, Ҷамайка ва Сент-Винсент ва Гренадин равобити дипломатӣ роҳандозӣ карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0