Дар Русия фаъолияти муҳоҷиронро ба ҳайси посбон мамнуъ мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОхранники, архивное фото
Охранники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи лоиҳаи қонун, аз соли 2018 дар вилояти Сахалин посбонии муҳҷирон дар мактаб, бемористон ва истгоҳи худравҳо мамнуъ мешавад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳукумати Сахалин пешниҳод кардааст, ки корфармоён дар соҳаи нигаҳбонӣ муҳоҷиронро ба кор нагирианд.

Ба гуфтаи раиси вилояти Сахалин Олег Кожемяк,  дар соли 2018 фаъолияти муҳоҷирон дар бархе аз соҳаҳо маҳдуд карда мешавад.

"Пешниҳод шудааст, ки фаъолияти муҳоҷирон дар таваққуфгоҳи худравҳо манъ шавад. Шаҳрвандони хориҷиро бояд ташкилотҳои посбоние, ки бехатарии ниҳодҳои ҷамъиятиро посбонӣ мекунанд, монандаи мактаб ва бемористонҳо ба кор таъмин накунанд",- гуфтааст Кожемяко дар иҷлосия оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят.

Ёдрас мешавем, дар ҳудуди Сахалин аллакай фаъолияти муҳоҷирон дар бархе аз соҳаҳо мамнуъ шудааст. Чунончӣ аз соли 2016 фоъолияти муҳоҷирон дар соҳаи нонпазӣ ва қаннодӣ, интиқоли мусофирон ва чанд самти савдо ва сохтмон мамнуъ шуда буд.

Гуфта мешавад, мақсад аз ин гуна иқдомҳо нигаҳ доштани ҷойи корӣ барои бумиёни вилоят мебошад.

"Барои мо муҳим аст, ки шаҳрвандони Русияро пеш аз ҳама ба кор таъмин кунем. Бояд шумораи муҳоҷирон дар корхонаи Сахалин то рафт кам  шавад. Вилояти Сахалин-корвонсаро нест, балки минтақаи сарҳадӣ ва муҳими Русия аст. Барои ҳамин соҳаи муҳоҷират бояд шадидан зери назорат бошад",- омадааст дар изҳороти раиси вилоят.

Лентаи хабарҳо
0