ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазоарти умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки боз як далели ба фоҳишахона табдил додани меҳмонхонаеро дар пойтахт пайдо кард.
Ёдрас мешавем, чанде пештар ВУд хабар дода буд, ки зани 29-сола-маъмури яке аз меҳмонхонаҳои пойтахтро ба иттиҳоми табдил додани ҷойи кор ба фоҳишахона боздошт кардааст.
Ҳамин тавр, дар гузорши навбатӣ ниҳод хабар дод, ки гумонбаршуда меҳмонхонаи "Сино"-и пойтахтро ба ҳадафҳои нопок истифода бурдааст.
"Муайян карда шуд, ки номбурда, рӯзи 17-уми декабри соли 2017 меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 22-сола ва зани 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар хабар.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.