Донишҷӯе 16800 сомонии сокини Москваро дуздиду дастгир шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯе ҳамроҳи зане 16800-сомонии сокини шаҳраки Москваро дуздидааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 28-солаи сокини шаҳраки Москва муроҷиат намудааст.

Ӯ гуфтааст, ки моҳи октябри соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 19000-рубл, 500-доллар ва 3550-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 16800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  зани 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки далелҳои шайъӣ гирифта шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0