ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Пекин Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон таъсис ёфт, гузориш медиҳад равобити умуми Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур дар Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати байналмилалии Чин таъсис ёфтааст.
Гуфта мешавад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дар рафти боздид аз ин донишгоҳ бо Ректори он ҷаноби Ванг Ҷиачионг мулоқот анҷом дод ва дар чорабинии расмӣ бахшида ба муносибати таъсисёбии Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар назди ин Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуд.
"Давлатзода ҳангоми суханронӣ ҳозиринро бо таъсисёбии аввалин ҷамъияти расмии донишҷӯёни Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Чин муборакбод намуд. Сафир аҳамияти таъсисёбии Ҷамъиятро дар соли 2017, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълон шудааст, махсусан муҳим арзёбӣ карда, умедворӣ аз он кард, ки Ҷамъияти мазкур барои сарҷамъ ва муттаҳид намудани донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани фарҳанг ва симои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Бо муроҷиат ба донишҷӯёни Тоҷикистон Сафир қайд кард, ки "имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълимро доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард".
Донишгоҳи тиҷорат ва молияи хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой (UIBE), имрӯз ҳамчун яке аз беҳтарин донишгоҳҳои риштаи тиҷорати хориҷӣ ва иқтисод дар Чин обруву нуфузи зиёд дорад. Дар шароити ҳозира дар Донишгоҳ 16000 донишҷӯи шакли омӯзиши рӯзона, аз ҷумла беш аз 3200 донишҷӯи хориҷӣ аз 130 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Дар Донишгоҳ 21 ҷамъияти донишҷӯёни кишварҳои мухталиф фаъолият мекунанд.