ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рӯзи 18 декабри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносиботи сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сент Винсент ва Гренадин баргузор гардид.
"Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Сент Винсент ва Гренадин Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Инга Ронда Кинг ба имзо расониданд", — омадааст дар хабарнома.
Пештар хаюар дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карданд.
Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии ҶТ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷамайка Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Куртенай Раттрай имзо кардаанд.
Ҷамайка кишваре ҷазираӣ аст, ки дар дарёи Кариб, дар ҷануби Куба ва ғарби Ҳаитӣ ҷойгир шудааст. Пойтахти он шаҳри Кингстон аст.