Конибодом: ғолибони олимпиадаҳо ҳамсолонашонро насиҳат карданд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкВъезд в таджикский город Канибадам
Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар толори шаҳрдории Конибодом мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони макотиби шаҳр баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, роҳбарияти литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат карданд.

Зимни мулоқот директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев аз дастовардҳои хонандагони литсей ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки иштирок ва ғолибият ба даст овардани хонандагони мактабҳои мамлакат дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ин нишондиҳандаи мақоми давлати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ буда, боиси шинохта шудани кишвар байни дигар мамолики ҷаҳон хоҳад гашт.

"Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, ҳамсолони худро ба аз худ кардани техникаву технологияи муосир ва забономӯзӣ даъват карданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ташкил гардида, ҳадаф аз он афзун намудани сафи иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0