ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.
Дар фаромни раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст.
"Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа фармон медиҳам
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ намояд".