Даҳ далели аҷиб дар бораи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

© Фото : WikipediaЭмомали Рахмон и его семья, архивное фото
Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ 30-сола шуд. Писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло раиси шаҳри Душанбе аст, то имрӯз дар чанде аз симатҳои баландпояи давлатии Тоҷикистон анҷоми масъулият кардааст. Дар ин мухтасар бархе аз далелҳоро дар бораи Рустам Эмомалӣ ба хонадагони Sputnik Тоҷикистон пешниҳод мекунем

1. Рустам Эмомалӣ ҳанӯз 7 сол пеш аз шаҳрдор шудан, яъне аз соли 2010 вакили маҷлиси шаҳрӣ буд.

2. Вай 22-сола буд, ки муовини раис таъйин шуд (дар Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон), дар 23-солагӣ вакил ва сипас роҳбар шуд (дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амвол)

2. Соли 2012 ҷойгузини Суҳроб Қосимов дар симати раҳбарии Федеросиюни футболи Тоҷикистон шуд.

3. Дар 26-солагӣ дараҷаи низомии генерал- майорро дарёфт кард

4. Дар соли 2017 раиси  ҳукумати пойтахти Тоҷикистон таъйин шуд, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷавонтарин шаҳрдор аст.

5. Рустам Эмомалӣ то чанд сол пеш расман номи дигар дошт — Раҳмонов Рустам Эмомалиевич

6. Бино ба иттилоъи вебгоҳи расимии шаҳрдории Душанбе, ӯ се забони хориҷӣ — русӣ, инглисӣ ва олмониро медонад.

7. Дар назарсанҷии Спутик Тоҷикистон аз муштариён, ки оё аз як соли шаҳрдории Рустам Эмомалӣ розӣ ҳастед, 60 дарсад аз посухдиҳандагон "бале" гуфтанд.

8. Бозори "Шоҳмансур" маъруф ба "Зелёний" бо қарори Рустам Эмомалӣ барчида шуд.

9. Вай дар соли 2015, замоне, ки раиси Ожонси мубориза бо фасод буд, 56 корманди онро бо далели коршинос набудан, сабукдӯш кард.

10. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҳукуматӣ аз 2-уми феврали соли равон далоили ба мақоми раиси пойтахт таъйин кардани ӯро ошкор кард. Бархе аз расонаҳо ин изҳоротро "насиҳати падар ба фарзанд" унвон карданд.

"Ба ҳамин мардум такя карда кор кунед ва аз мардум нагурезед. Аввал бо мушкилии асосӣ — ришваситонӣ, ки дар шаҳр аст, мубориза баред. Дар муошират, муомила ҳеҷ гоҳ ба дағалӣ роҳ надеҳ, забони покиза дошта бош! Бо зердастон, агар ягон камбудӣ кард, хубаш дар танҳоӣ даъват карда як — ду маротиба насиҳат кун. Серталаб бош ва супоришотатро назорат кун. Ту ҷавон ҳастӣ, бениҳоят ҷавон ҳастӣ. Ман синну солу шумо директори совхоз таъйин шуда будам. Бо мардум ва соҳибкорон ҳамкорӣ кун. Қонуншиканӣ накун. Халқи мо бениҳоят халқи хуб аст ва роҳбарро нигоҳ мекунанд. Дасту дилу нияти пок доштан лозим аст. Ту гушна нестӣ. Туро ягон кас фишор оварда наметавонад. Ман барои ҳамин таъйин кардам. Ба иззати нафси касе нарас. Инро мардум қадр мекунанд. Нархи наворо арзон кун. Ноҳорро дар хонаи соҳибкор нахӯр ва ресторан нарав. Хонаи як иштирокчӣ, як бевазан ва як кампир рав, ки ҳар чизе, ки дорад дар наздат мегузорад. Муваффақият. Акнун мебинем, соли 2017-ро аз пойтахт сар кардем ва файзу баракататонро мебинем", — таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон.  

Лентаи хабарҳо
0