Имрӯз, 19-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар чанде аз маросимҳои ҷумҳурӣ якҷоя ширкат карданд.
Нахуст кишвардори Тоҷикистон аз Намоишгоҳи Душанбе-2017 дидан кард.
Ҳангоми ифтитоҳи чанде аз иншоотҳои нави мактаби рақами 44-и шаҳри Душанбе бошад, раисҷумҳур қайд кард, ин иқдоми Ҳукумат тӯҳфае барои донишомӯзону муаллимон дар арафаи Соли нав мебошад.
Гузориши аскиро аз як рӯзи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ ин ҷо пайгирӣ кунед.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи Душанбе 2017

Пешвоз аз кишвардор дар Намоишгоҳи Душанбе-2017

Дар ин намоишгоҳи саноатӣ намояндагони беш аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмасӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон намоиш гузошта шудааст.

Ҳамчунин раҳбари давлат ба намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дастур дода, ки вақти истеҳсоли маҳсулот пеш аз ҳама ба сифати он диққати асосӣ диҳанд

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси ягонаи мактабӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмилалӣ масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки соли оянда истеҳсоли семент ба се миллион тонна расонида шавад, зеро дар бозори дохилӣ ва кишварҳои минтақа талабот ба ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бештар аст

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва раиси дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон

Муаррифии маҳсулоти ватанӣ ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Синои пойтахт кӯдакистони нав ифтитоҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар макатаби рақами 44-и шаҳри Душанбе