ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 19 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.