ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои Маскав чанде пеш дар пойтахти Русия "Шоми ҷавонон" баргузор карданд.
Дар ин шабнишинӣ ҳамчунин меҳмонон аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав, устодони бархе аз донишгоҳҳои Маскав, фарҳангиёну ҳунармандону рӯзноманигорон низ даъват шуда буданд.
Ин барнома, ки дар чорчӯби Соли ҷавонон дар Тоҷикистон ва бо шиори "Мо ояндаи кишвар ҳастем!" баргузор шуд, бо суханронии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов оғоз ёфт.
Вай аз солҳои донишҷӯии худ дар Донишгоҳи Маскав, таъсиси нахустин созмони донишҷӯёни тоҷик дар Русия ва роҳандозии ҷашни "Наврӯз" дар даврони шуравӣ ёд кард ва бар нақши муҳими ҷавонон дар рушду шукуфоии кишвар таъкид кард.
Сипас Хусрав Аюбов, раҳбари Бошгоҳи донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, гузорише аз амалкарди ин бошгоҳ дод ва тарҳи таъсиси "Анҷумани ҷавонони Тоҷикистон дар Русия"-ро муаррифӣ кард.
Вай гуфт, ин Анҷуман иттиҳодияи ихтиёрии ҷавононе хоҳад буд, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд ва мехоҳанд дар як созмон муттаҳид шуда аз якдигар пуштибонӣ кунанд то дар оянда барои кишвару миллат хидмат кунанд.
"Ин Анҷуман шаш бахш хоҳад дошт: илмиву омӯзишӣ, умури бонувон, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, расонаӣ ва равобити хориҷӣ, ки коршиносони ҷавонон аз риштаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Ин созмон намояндагиҳое дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Ростови Дон, Новосибирск, Краснодар, Красноярск ва Қазон низ таъсис хоҳад дод", — афзуд Хусрав.
Вай ҳамчунин барномаҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳунариеро, ки Бошгоҳашон барои донишҷӯёни тоҷик баргузор кардааст, бар шумурд, ки Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, видеоҳамоиш дар мавзуъи "Дастовардҳои даврони истиклол аз нигоҳи ҷавонон", Рӯзи Артиши Тоҷикистон, Рӯзи модарон ва бозии "Чи? Кай? Дар куҷо?" аз он ҷумла ҳастанд.
Ин Анҷуман дар назар дорад, ки дар соли оянда дар миёни донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия ҳамоишҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор кунад. Яке аз ин барномаҳо "Шоми тоҷикон" аст, ки ки қарор аст бо ширкати ҷавонони тоҷик ва коршиносони риштаҳои гуногун баргузор шавад.
"Ин созмон қасд дорад тоҷикҷавононеро, ки дар хориҷ таҳсил доранд, ёриву пуштибонӣ кунад то забону фарҳангу ойинҳои тоҷикиро фаромӯш накунанд", — мегӯянд бунёдгузорони Анҷумани ҷавонони Тоҷикистон дар Русия.
Ба ин манзур дар чорчӯби ин шабнишинӣ ҳамчунин намоиши дастовардҳои илмиву варзишии донишҷӯён, пӯшоки миллии тоҷикона, армуғонҳо ва китобҳои тоҷикиро баргузор карда, бо шеъру таронаҳо ва дасторхони тоҷикона меҳмононро ба ёди Тоҷикистон бурданд.
Созу овози ҳунармандон Ноҳид Зайналпур, Маҳина Насимова, Даниел Рустмов ва гурӯҳҳои рақсии "Нур" ва "Гулчин" шабнишиниро бисёр гарму ҳамаписанд гардонд.