ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков раҳбари Шӯрои амнияти кишвар Алмосбек Курманалиевро, ки ду моҳ пеш аз ҷониби раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев ба ин симат таъин шуд, аз вазифааш сабукдуш кард.
"Жээнбеков дар бораи аз раҳбарии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон озод кардани Курманалиев Алмосбек Абдиназарович қарор имзо кард", —омадааст дар хабарнома.
Курманалиев 26 октябри соли равон ба ин симат таъин шуду дар ин вазифа Жениш Разоқовро иваз кард.
Пештар Жээнбеков Фарид Ниёзовро, ки раҳбари пешини дастгоҳи раисҷумҳур буд, ёвари худ таъин кард.
Ниёзов қаблан раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур буд.
Жээнбеков ҳамчунин Эрнист Толтоевро ёвари худ таъин кард.
Панҷумин раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 15 октябри соли 2017 раисҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд, рӯзи 24 ноябр бошад савганд ёд карду расман кишвардори Қирғизистон эълом гардид.