Боз як тоҷик ба иттиҳоми омодасозии таркиш дар Петербург дастгир шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкОглашение приговора, архивное фото
Оглашение приговора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Қалавуров ба гуноҳи худ иқрор нашуда мегӯяд, ки силоҳи дарёфтшуда аз ӯ нест

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳиявии Смолненский дар Петербург рӯзи якшанбе се касро ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии силоҳ боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, ки онҳо ҳаммаслакони ҷинояткороне ҳастанд, ки таркиш дар калисои  Казанро барномарезӣ мекарданд.

Дар ин бора равобити умумии додгоҳҳо хабар медиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Петербург шаҳрвандони Русия Евгений Ефимов ва Антон Кобетс, ки қасд доштанд рӯзи якшанбе калисои Казанро тарконанд, боздошт шуданд.

Арест гражданина Таджикистана Умара Махмадиева - Sputnik Тоҷикистон
Навори боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Пулково

Ҳамин тавр додгоҳи Смолнинский рӯзи якшанбе зодаи Доғистон Шамил Омаргаджиев, зодаи Ингушетия Алисхон Эсмурзиевро ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии силоҳ боздошт кард. Ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон Фируз Қалавуровро ҳамроҳашон дастгир карданд, ки инз дар сохтан ва гардиши ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад. Дар умум панҷ кас дастгир шуд, ки бино ба маълумоти Кумитаи тафтишот дар омодасозии инфиҷор даст доранд.

Пештар хабар дода шуд, ки додгоҳи Маскави шаҳри Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми кӯшиши пайвастан ба гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) боздошт ва зиндонӣ кард.

Ба гуфти сухангӯи додгоҳи шаҳрии Петербург Даря Лебедева ин муҳоҷири тоҷик ният доштааст бо гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) бипайвандад ва дар шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор ба амал оварад.

"Додгоҳи Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиевро ба далели кӯшиши пайвастан ба гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъ аст, то моҳи феврали соли 2018 аз озодӣ маҳрум кард", — омадааст дар хабарнома.

Шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиев, соли таваллудаш 1989 дар шаҳри Всеволожски вилояти Ленинград ба сар мебурдааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми кӯшиши убури марзи Русия боздошт шудааст.

Ба гуфти манбаъ Маҳмадиев узви фаъоли Давлати Исломӣ буда, қасд доштааст нахуст ба Туркия ва аз он ҷо ба Афғонистон барои пайвастан ба ин гурӯҳ равон шавад.

Манбаъ меафзояд, ки агар Умар ба Афғониятон намерафт, дар шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор ба амал меовард.

Лентаи хабарҳо
0