Туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 18 декабр ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 дек— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфу борон, дар назар аст.

Дар ВМКБ ҳавои абрноки боронӣ, гузариши борон ба барф пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат ва баъзан фаромадани туман пешбинӣ мегардад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард мешавад.

Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан фаромадани туман ва боридани барф пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯии ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0