Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷориро густариш медиҳанд

© Flickr \ Официальная страница пресс-службы Президента Таджикистана / Гузариш ба медиабонкВстреча Эмомали Рахмона с советником кабинета министров Кувейта доктором Абдуллохом Матук ал-Матуком
Встреча Эмомали Рахмона с советником кабинета министров Кувейта доктором Абдуллохом Матук ал-Матуком - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дувумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва илмиву фаннии Тоҷикистону Кувайт баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри ал-Кувайт дувумин нишасти Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва илмиву фаннии Тоҷикистону Кувайт баргузор шуд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири Девони Амири Кувайт доктор Абдулллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон хостори сармоягузории бештари Кувайт дар Тоҷикистон шуд

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, раёсати бахши тоҷикии ин Кумисиюнро вазири рушди иқтисоду тиҷорат Ҳикматулло Неъматуллозода ва раҳбарии бахши кувайтиро муовини аввали вазири молия Халифа Ҳамода бар уҳда доранд.

Дар ин ҷаласа вазъу дурнамо ва густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, фарҳангу ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, таробарии ҳавоӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Гуфтанист, ниҳодҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Кувайт аз санд сол пеш фаъолияташонро дар Тоҷикистон  густариш медиҳанд. Чунончи, яке аз ин ниҳодҳо Бунёди байналмилалии хайрияи исломӣ аст, ки раёсати онро Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ бар уҳда дорад.

Вай порсол бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дидор карда буд ва дар он дидор Эмомалӣ Раҳмон хостори густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳод, ҷалби сармояи Кувайт барои иҷрои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон дар заминаҳои нерӯгоҳсозӣ, саноеъи ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтусоз, кишоварзӣ ва таробарӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0