Коршинос: бастани марз бо Афғонистон марзнишинонро бечора мекунад

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси масоили амниятӣ пайомадҳои ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Андрей Серенко, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия, пешбинӣ мекунад, ки дар паи баста шудани бархе аз гузаргоҳ ва пулҳо дар марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бештари марзнишинони ин ду кишвар, ки бо тиҷорати марзӣ рӯз мегузаронанд, хисорот хоҳанд дид.

Вай мегӯяд, Тоҷикистон метавонад барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои теруристӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир тадобири амниятӣ дар марз бо Афғонистонро ташдид кунад, аммо ин барнома муваққатӣ хоҳад буд.

"Аммо, аз бастани марз пеш аз ҳама марзнишинон, бавижа онҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ доранд, осеб мебинанд. Зеро бисёре аз марзнишинҳои афғонистонӣ хӯроку пӯшоку доруву сӯхтро бештар аз Тоҷикистон мехаранд, чунки роҳашон то наздиктарин бозору доруфурӯшӣ дар қаламрави Афғонистон аз кӯҳҳои осмонбӯсу оврингҳои хатарнок мегузарад ва на ҳар харидоре ба онҳо мерасад", — гуфт Серенко.

Серенко: перекрытие границы это частое явление, но для людей, конечно, стресс

"Манзурам суду зиёни дастфурӯшон нест. Он сарзамин худ маконе муносиб барои зисту зиндагӣ нест: онҷо ба душворӣ метавон хӯроку пӯшоку доруву сӯзишворӣ дастрас кард. Аз ин рӯ, баста шудани марз, ҳатто барои муддати кӯтоҳе, мушкилоти марзнишинҳои афғонистониро садчандон мекунад", — ёдоварӣ мекунад Андрей Серенко.

Лентаи хабарҳо
0