ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ин бора торномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 14 декабр, дар доираи тантанаҳои "Соли ҷавонон" дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ширкати алоқамандони ҳаҷв баргузор гардид.
Аҳтам Абдуллозода, раиси ин Кумита, низ дар ин чорабинӣ ширкат кард.
Зимни суханронӣ ӯ гуфт:"Ҳаҷв яке аз санъатҳои олии миллати фарҳангии тоҷик ба шумор меравад. Ҳаҷвро тӯли ҳазорсолаҳо мардуми шарифи кишвар дар устураву эҷодиёти даҳонакии халқ ҳифз намудаанд. Таъсиси маҳфили ҳаҷнигорони ҷавон дар назди Кумита бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон ташкил карда шудааст".
Манбаъ афзуда, ки ҳаҷвнигорони ҷавон аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ ҳунару истеъдоди худро пешкаши тамошобинон намуда, аъзои маҳфил гардиданд.