Рамазон Қодиров дар бораи раисҷумҳур: ӯ халқашро дӯст медорад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкГлава Чечни Рамзан Кадыров
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қодиров гуфтааст, ки кишвардори Узбакистон ба ҳифзи арзишҳои исломӣ дар кишвар диққати зиёд медиҳад ва ҷавонон барои аз худ кардани қавонини дини Ислом имконияти хуб доранд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро бо солгарди раҳбариаш муборакбод гуфт. 

"Ман шодам, ки бо шахсияти сиёсии ҷаҳони Ислом Шавкат Мирзиёев, ки таҷриба, ҷасорат, хиради воло ва кӯшиши рушд додани кишвари худро дорад, ошно шудам. Ӯ сездаҳ сол раҳбари ҳукумати ин кишвар буд, вай иқтисодро медонад, ҳамаи мушкилоти кишвар ва роҳи ҳалли онҳоро ҳам медонад. Муҳимтараш ин ки-Мирзиёев Ватани худ, халқи худро дӯст медорад ва омода ҳаст ҳамаи қувваи худро барои маъруф кадани  ватани худ харҷ кунад", —навиштааст раисҷумҳур дар саҳифаи  Instagram худ.

Дар баробари ин Қодиров гуфтааст, ки кишвардори Узбакстон ба ҳифзи арзишҳои исломӣ дар Узбакистон диққати зиёд медиҳад ва ҷавонон барои аз худ кардани қавонини дини Ислом имконияти хуб доранд.

Раҳбари Чеченистон ҳамчунин барои ташкили Академияи исломӣ дар Узбакистон ба Шавкат Мирзиёев изҳори сипос кардааст. Рамзист, ки қарор дар бораи ифтитоҳи академия рӯзи аввали кории соли дуюми раҳбарии раисҷумҳур қабул шуд.

"Ман боврӣ дорам, ки муносиботи миёни кишварҳо ва халқи мо рӯз то рӯз таҳким хоҳад ёфт", — хулоса кард Қодиров.

Лентаи хабарҳо
0