Ду хушхабари Беҳрӯз Зеваров ба мухлисонаш

© Фото : Аккаунт Бехруза Зеварова FacebookПродюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото
Продюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд мегӯяд, акнун ба воситаи сомонаи расмиаш мухлисон метавонанд суруҳои тозаи ӯро гӯш ва бозгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Продюсер ва овозхонӣ тоҷик Беҳрӯз Зеваров хабар дод, ки барои мухлисонаш ду хушхабар дорад: дар арафаи соли нав суруди наве сабт кардааст ва сомонаи расмии худро ба кор андохтааст.

Тавре ҳунарманд афзуд, суруди тозаи Зеваров "Печали там нет" ном дорад, ки дар муддати 9 моҳ омода шудааст.

"Ин суруди ман ба таронаҳои пештараам шабоҳат надорад. Ба назари худам, суруд дигар ҷанбаҳои истеъдоди маро кашф мекунад. Хело умедвор мешавам, ки таронаи "Печали там нет" дар арафаи соли нав рӯҳи шуморо болида мегардонад",- навиштааст вай ҳангоми муаррифи суруди тоза.

Ҳунарманд мегӯяд, барои дастрас шудани суруд ва клипҳои тозааш ба мухлисонаш сомонаи расмии худро роҳандозӣ кард. Ҳаводорони ҳунари Беҳрӯз Зеваров метавонанд, ба воситаи сомонаи вай, суруд ва навгониҳои ӯро дастрас кунанд.

Як сирри ин ҳунарманди ҷавонро ҳам ошкор мекунем, ба наздикӣ суруд ва намоҳанги нави Беҳрӯз Зеваров рӯнамоӣ хоҳад шуд, ки мусиқии инро худи Манижа Давлатова навиштааст.

Лентаи хабарҳо
0