Саидмукаррам Абдулқодирзода барои мулоқот бо муҳоҷирони тоҷик ба Русия омад

© Sputnik / Амир ИсаевСайидмукарам Абдукодирзода. Архивное фото
Сайидмукарам Абдукодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази исломии ҶТ, рӯзи 14-уми декабр Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати анҷоми мулоқот ва вохӯриҳо бо муҳоҷирони тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд. Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди "Хиёбони МИР" бо муҳоҷирони тоҷик, ки  дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Москва Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонони Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии худро баён доштанд.

"Ҳар ду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар рӯзҳои оянда низ ҷаноби Абдуқодирзода бо муҳоҷирони тоҷики дигар манотиқи Русия мулоқот ва вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, моҳҳои октябр пас аз як изҳороти муфтии шаҳри Маскав Албир Қурғонов дар бораи муҳоҷирони тоҷик, Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳе аз имомхатибони тоҷик  барои гуфтугӯ бо муҳоҷирон ба Русия мераванд.

Муфтии шаҳри Маскав Албир Қурғонов аз хатари ифротгаро шудани муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва таҳдидҳои гурӯҳи нави теруристие, ки дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон ташаккул меёбад ҳушдор дода буд.

Лентаи хабарҳо
0