Барфу борон: имрӯз ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то - 13дараҷа сард мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМайский снегопад в Москве, архивное фото
Майский снегопад в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, имрӯз, 16 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барфи кӯтоҳмуддат ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ҷойҳо 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад»,-илова намуд манбаъ.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан фаромадани туман пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0