ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин филм ӯзҳои 5 ва 6-уми декабр ба намоиш гузошта шуда буд.
Нахустин тамошобинони филми "Шикастнопазир" кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва омӯзгорону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ буданд.
Ҷайҳун Насимӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки "пеш аз ҳама хушбахт аз он мебошам, ки тоҷикам ва зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳастам. Бо боварӣ мегӯям, ки маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон имкон фароҳам овард, то мо ба таҳияи филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ шурӯъ кунем".
Филми "Шикастнопазир" дар бораи ду бародари дугоник нақл мекунад. Бародарон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз як дигар ҷудо мешаванд ва яке аз онҳо бо амри ҳаёт ба Амрико мераваду дигарӣ ба Афғонистон раҳсипор шуда ҷангҷуй толибон мегардад нақл мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар феҳрасти филмҳои нави "Ҳолливуд" нахустин бор филми коргардони тоҷик Ҷайҳун Насимӣ — "Unfallen" нашр шуд.
Ин филм, ки бо ҳазинаи 650 ҳазор дулор сохта шуда, сарнавишти ду бародар — Рустам ва Суҳробро бозгӯ мекунад, ки дар хурдсолӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуда ва ба амри тақдир дар майдони ҷанг дар Афғонистон рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо яке аз онҳо ҷангҷӯи гурӯҳи "Толибон" шуда ва дигаре сарбози артиши Амрико.
"Ин нахустин филми ман дар Ҳолливуд аст ва дар он ҳунарпешаҳои номдор Майкл Мэдсен ва Ҷеймс Ҳонг нақш офаридаанд, ки бо коргардоне пуровоза чун Квентин Тарантино ҳамкорӣ доштаанд. Дар ин филм ҳамчунин чаҳор ҳунарпешаи тоҷик низ нақш иҷро кардаанд", — гуфт Насимӣ.