ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзҳои 14 — 15 декабр дар пойтахти Иттиҳодияи Урупо — шаҳри Брюссел, ҷаласаи 131-уми Шурои ҳамкории Созмони Ҷаҳонии Гумрук баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони Тоҷикистон дар ҳайъати раиси хадамоти гумруки назди Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ва сафири Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвар дар Иттиҳоди Урупо Эркинхон Раҳматуллозода ширкат карданд.
Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти Абдуфаттоҳ Ғоиб бо раиси кулли Созмони гумруки Эрон Фуруд Асғарӣ баргузор шудааст.
Дар ин дидор мавзуъҳои ҳамкории ин ду ниҳод баррасӣ шуда ва Ёддошти тафоҳуми амалисозии Созишнома миёни Тоҷикистон ва Эрон барои дар ҳамкорӣ дар умури идорӣ барои иҷрои дақиқи қонунгузории гумрукӣ имзо шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа масоили вобаста ба фаъолияти Созмон дар соли 2017 ва нақшаҳои ояндаи СҶГ баррасӣ гардиданд.
Дар ин нишаст интихоботи ҳайъати раҳбарии СҶГ низ баргузор шуд ва намояндаи Мексика Рикардо Тревинйо муовини Дабири кулли СҶГ интихоб шуд.