Латифаи Путин дар бораи силоҳ ва соат

Обуна шудан
Дар рафти нишасти матбуотии солона раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷавоб ба савол дар бораи амният латифае нақл кард

Раисҷумҳури Русияро дар бораи сарфи буҷаи давлатӣ барои қувваҳои мусаллаҳ пурсиданд.

Ба гуфти Владимир Путин он кишварҳое, ки намехоҳанд қувваҳои мусаллаҳи худро таъмин кунанд, ахиран қувваҳои мусаллаҳи кишвари бегонаро таъмин хоҳанд кард.

Пас аз ин ҷавоб Путин ҳикояи ҳаҷвиеро нақл кард: писари фармондеҳи собиқ корди падарашро ба соати дастӣ иваз кард. Вақте писар ба хона баргашт падар бо ӯ суҳбат кард.

"Падар аз писар пурсид, канӣ соататро нишон деҳ. Соати хуб, офарин. Пагоҳ агар ба хонаамон ҷангиён дароянд, маро мекушанд, модаратро мекушанд, хоҳаратро таҷовуз мекунанд, ту бошӣ баромада мегӯӣ: шом ба хайр соат ба вақти Маскав 12:30 дақиқа".

Нишастагон ин шухиро бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол карданд.

Лентаи хабарҳо
0