Се пулиси рус планшети муҳоҷири тоҷикро дуздиданду зиндонӣ шуданд

© AP / Ben Fox Тюрьма в Гуантанамо. Архивное фото
Тюрьма в Гуантанамо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се пулиси рус дар Истгоҳи "Митиши" ҳангоми посбонии қатор планшети муҳоҷири тоҷикро, ки дар хоб буд, дуздиданд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Се корманди мақомоти қудратии Русия дар қатор ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷум карда планшет ва телефони мобилии ӯро дуздиданд.

Дар ин бора оҷончии "Москва" бо такя ба равобити умумии Кумитаи нақлиёти Маскав хабар медиҳад.

Қазия моҳи декабри соли 2016 дар қатори Маскав-Ярослав-Монино рух додааст.

"Додгоҳи шаҳрии Шелково нисбати се кормандони шӯъбаи пулиси Линейнови ВКД Русия ҳукм баровард. Онҳо тибқи моддаи 161 КҶ ФР (Дуздии моли бегона) ва моддаи 268 КҶ ФР айбдор дониста шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Дар рафти бозпурсӣ айдоршавандаҳо ба гуноҳи худ пурра иқрор нашуда, даст доштани худро ба амали ҷиноӣ рад карданд.

Ҳамин тавр се корманди мақомоти қудратии Русия: яке ду солу се моҳ, дуюмӣ ду сол ва сеюмӣ ба як солу ҳашт моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

Лентаи хабарҳо
0